Киштии мусофиркаши Кореяи Ҷанубӣ ғарқ гардид
Душанбе,11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта аз сабаби боришоти беисти борон ва номусоидии вазъи ҳаво дар чанд ҷазираи Филиппин тӯфони мудҳиши баҳрии «Хайан» ба амал омад. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар дар шаҳри Таклобан аксар сокинони минтақаҳои маъмурии аҳолинишин аз истифодаи неруи барқ маҳрум мондаанд. Инчунин аз вазиши шамоли шадид дарахтон решакан шуда, дар роҳу ҷодаҳои нақлиётгард ҳаракати мошинҳоро қатъ намудаанд. Душанбе,11.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия дар роҳи пиёдагард садамаи мудҳиш ба амал омад. Бар асари ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расида, 7 каси дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт. Кормандони соҳаи тиб низ вазъи сиҳатии чанд тан аз маризонро ниҳоят вазнин арзёбӣ менамоянд. Тибқи иттилои кормандони мақомоти полиси кишвар ронандаи мошини сабукрав баъди садама аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Душанбе,11.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар соҳили қисми ҷанубу ғарбии Кореяи Ҷанубӣ киштии мусофиркаш ба фалокат дучор омада, ғарқ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар дохили киштӣ 477 мусофир қарор доштааст. То кунун дар хусуси тақдири ҳайати сарнишинон ва мусофирони киштӣ ягон маълумот дода намешавад. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар ин кишвар киштии мусофиркаши «Севол» ба фалокат дучор омада буд. Душанбе,11.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар Ироқ бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни неруҳои қудратии мамлакат ва ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар атрофи шаҳри Бейҷӣ торафт шиддат мегирад. Қобили зикр аст, ки низомиёни давлатӣ кӯшиш доранд, ки коргоҳи азимтарини истихроҷи нафтро дар ин минтақа аз тасарруфи ҷангиёни ифротӣ озод намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






