Коҳиши даромади молии ширкати «Самсунг»
Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта дар роҳи оҳани вилояти Сахалини Федератсияи Русия садама рух дод. Бар асари ҳодиса 1 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки қатораи мусофирбар аз шаҳраки Холмс ба самти шаҳраки Чехов ҳаракат мекард. Мутахассисон сабаби садамаро дар ҷои ҳодиса муайян мекунанд.
Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Субҳи имрӯз дар шаҳри Гардези вилояти Пактиёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таркиш ба амал омад. Дар ин ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, 22 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Масъулияти ин ҳамларо то кунун ягон нафар ё гурӯҳ ба уҳда нагирифтааст.
Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Дар шаҳри Нигерия террористон ба як маҳбас ҳамла намуда, онро таркониданд, ки зимни он аз маҳбас 130 нафар зиндонӣ фирор намуд. Ва низ гуфта мешавад, ки бар асари таркиш 15 нафар аз аҳолии осоишта қурбон гардид. Ин амали террористиро гурӯҳи мусаллаҳи «Бока Ҳарам» бар уҳда гирифтааст.
Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Ширкати «Самсунг»-и Кореяи Ҷанубӣ дар хусуси коҳиш ёфтани даромади молии худ дар семоҳаи сеюм иттилоъ дода, иброз медорад, ки даромади молии ширкати «Самсунг» 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Гуфта мешавад, ки дар семоҳаи сеюм «Самсунг» ҳамагӣ 3 миллиард евро фоида дидааст.
Душанбе,05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Колумбия бар асари боришоти боронҳои пай дар пай 16 ҳазор аҳолии кишвар зарар дидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки аз сабаби боришоти зиёди борон обхезии шадид ба қайд гирифта шуда, 12 нафар ба ҳалокат расид, ки ҳамаи онҳо бошандагони як минтақаи дурдасти кӯҳӣ мебошанд. Ҳукуматдорон бо назардошти хатарҳои навбатии эҳтимолӣ дар 125 нуқтаи аҳолинишин ҳолати фавқулода эълон намуданд. Ба гуфти ҳавосанҷон боронгариҳо дар кишвар то охири моҳи равон идома хоҳанд ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






