Конфронс бахшида ба хотираи Муқаддима Ашрафӣ
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Дар ҳошияи Ҷашнвораи УШ байналмилалии «Диёри ҳусн — 2014», ки аз 6 то 9 ноябр дар шаҳри Душанбе идома ёфт, конфронс ва мизи мудаввар бахшида ба ёдбуди Муқаддима Ашрафӣ ва минётури тоҷик баргузор гардид.
Мақсад аз конфронс ва мизи мудаввар ҷалби таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои давлатӣ, санъат ва аҳли ҷамъият ба мероси илмии профессор, санъатшинос Муқаддима Ашрафӣ буд. Мавсуф тамоми ҳаёти худро ба таҳқиқи минётури тоҷику форс, мусоидат ба омӯзишу эҳёи санъати минётурӣ дар Тоҷикистон, масоилу арзишҳои он, ҳамчунин тақвияти муколамаи байналмилалӣ дар ин росто бахшидааст.
Ба туфайли иштироки доктори илми таърих, профессори Академияи илмҳои ҶТ Аскаралӣ Раҷабов, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, номзади санъатшиносӣ, доктори илми таърих Лариса Додхудоева, шарқшинос, доктори санъатшиносӣ, котиби масъули Иттифоқи бастакорони ҶТ Аслиддин Низомов, доктори илми таърих, профессор, мудири кафедраи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Муродалӣ Иброҳимов, фарзандони олимони бузурги тоҷик Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии бахши косибию сайёҳӣ дар конфронс ва мизи мудаввар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ шуд.
Нотиқон зимни суханрониашон зикр намуданд, ки Ходими шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддима Ашрафӣ дар Осиёи Марказӣ аввалин доктори санъатшиносӣ аз ҷумлаи кадрҳои миллӣ маҳсуб меёфт. Мавсуф узви Ассотсиатсияи эроншиносони Аврупо, Ҷамъияти аврупоии таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Ассосиатсияи байналмилалии ҷамъиятҳои форсизабони ИМА буд.
Ёдовар мешавем, ки конфронс ва мизи мудаввар бахшида ба минётур ва Ҷашнвораи УШ байналмилалии «Диёри ҳусн — 2014» бо ибтикори Бунёди байналмилалии «Ҳафт пайкар» — и косибони Тоҷикистон ва Маркази минётури бадеии «Мино» — Клуби ЮНЕСКО ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






