Конфронс бахшида ба минётур
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Дар ҳошияи Ҷашнвораи УШ байналмилалии «Диёри ҳусн — 2014», ки аз 6 то 9 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, 8 ноябри соли ҷорӣ дар « Душанбе — Плаза» бахшида ба минётури тоҷик ва рӯзи ёдбуди Муқаддима Ашрафӣ конфронс ва мизи мудаввар доир мегардад.
Дар ин бора раиси Маркази минётури «Мино» — Клуби ЮНЕСКО, рассом, журналисти маъруфи бахши телевизион ва ходими ҷамъиятӣ Сарвиноз Ҳоҷиева ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи Сарвиноз Ҳоҷиева, ҳадафи ин чорабиниҳо мусоидат ба омӯзиши муфассали минётури тоҷик ва тақвияти муколамаи байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои давлатӣ, санъат ва аҳли ҷомеа ба эҳёӣ санъати минётурӣ дар Тоҷикистон ва проблемаю арзишҳои он аст.
Конфронс ва мизи мудаввар бахшида ба минётури тоҷик ва Ҷашнвораи УШ байналмилалии «Диёри ҳусн — 2014» бо ибтикори бунёди байналмилалии «Ҳафт пайкар» — и косибони Тоҷикистон ва Маркази минётури «Мино» — Клуби ЮНЕСКО бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Шарқ, аз ҷумла дар Тоҷикистони бостонӣ, мактаби минётури Ҳироту Табриз бештар маълуму маъруф буд.
«Мо умедворем, ки конфронсамон бахшида ба минётур таваҷҷуҳи кормандони Вазорати фарҳанг ва сохторҳои дигарро ба худ ҷалб менамояд», — гуфт Сарвиноз Ҳоҷиева.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






