Конфронс дар мавзӯи ҳамгироии Авруосиё
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Бо ибтикори Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (Маркази тадқиқоти геополитикӣ) 19 ноябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон: самтҳои ҳамгироии Авруосиё» баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Сафорати ФР дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Назар ба иттилои манбаъ, конфронс бо дастгирии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар ҶТ, Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶТ, Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҶТ, Намояндагии Бонки рушди Авруосиё, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Газпромнефт — Тоҷикистон», Намояндагии «Газпром ЭП Интернэшнл Сервиз Б.В.», «Ориёнбонк», ширкатҳои «Билайн» ва «Мегафон» баргузор мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






