Конфронси байналмилалии соҳаи парандапарварӣ
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар шахри Душанбе бо иштироки вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар конфронси байналмилалӣ оид ба «Роҳҳои рушди парандапарварӣ дар Тоҷикистон» ба кор оғоз кард, ки он се рӯз идома хоҳад намуд.Вазир зимни он гуфт, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи парандапарварии зотпарварии «Свердловский»-и Федератсияи Русия ин чорабиниро баргузор намуда истодааст.Дар конфронс ҳамчунин роҳбарият ва мутахассисони вазорат, масъулини КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», олимон ва мутахассисони соҳаи парандапарварии ҷумҳурӣ, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо ва хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳурӣ, роҳбарият ва мутахассисони Корхонаи парандапарварии зотпарварии «Свердловский» Федератсияи Русия, дар маҷмӯъ 103 нафар иштирок дорад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то 1 ноябри соли ҷорӣ дар корхонаҳо ва хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳурӣ 2 миллиону 180 сар паранда парвариш шуда, онҳо тасмим доранд, ки истеҳсоли тухмро дар ҷамъбасти сол ба зиёда аз 200 миллион дона расонанд, ки мутаносибан нисбат ба соли 2008 саршумори паранда 2,4 ва истеҳсоли тухм 3,3 маротиба зиёд мебошад.Парандапарварони ҷумҳурӣ солҳои охир бо дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла бо корхонаҳои парандапарварии Федератсияи Русия ҳамкории зич доранд. Бинобар ин конфронси мазкур барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи парандапарварӣ ва омӯзиши таҷрибаи корхонаи парандапарварии зотпарварии «Свердловский», ки яке аз корхонаҳои пешқадами Федератсияи Русия ба ҳисоб меравад, ҳаматарафа мусоидат менамояд. Баъд аз интиҳои қисмати назариявӣ конфронс бахши амалии худро дар Корхонаи парандапарварии зотпарварии «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан идома хоҳад дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






