Конфронси илмӣ — амалӣ бахшида ба Сарқонун
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати «Қалъаи баланд» — и шаҳри Истаравшан бо иштироки дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов, муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Адҳамов конфронси илмӣ — амалӣ бахшида ба Рӯзи Сарқонун баргузор гардид.Худи ҳамин рӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 ҷамоати Пошкенти шаҳр семинар-конфронс дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — заминаи воқеии таъмини зиндагии шоистаи мардум» бо дастгирии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан доир шуд.Иштирокчиёни конфронс бо шукргузорӣ аз сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷомеаро барои муттаҳидшавӣ дар атрофи ҳукумат, саҳмгузорӣ дар инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар даъват намуданд.Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






