Конфронси илмӣ- амалӣ дар ДДТТ
Душанбе, 28.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамова).-Имрӯз дар Донишгохи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Илми тиб ва таҳсилоти тиббӣ” баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири маориф Раҳматулло Мирбобоев, ректори ДДТТ профессор Убайдулло Қурбонов, Президенти академияи илмҳои тибб профессор Нусратулло Файзуллоев, муовини ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулов, сардори раёсати илм, таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтии Вазорати тандурустӣ Саломуддин Исупов, сардори шуъбаи илм ва инноватсияи ДДТТ Ҷамшед Додхоев, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва доираи васеи рӯзноманигон иштирок карданд.
Инчунин дар конфронс 26 нафар мутахассиси соҳаи тиб аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур 62-юмин конфронси илмӣ- амалӣ дар дар ДДТТ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






