Конфронси миллии машваратчиён дар Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2014 11:55

Душанбе,  14.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз,  14  ноябр,  Бонки  таҷдиду  рушди  Аврупо  Конфронси дуюми миллии  машваратчиён   дар  Тоҷикистонро доир  менамояд. 
Тавре  ки  аз  намояндагии бонки   зикршуда  хабар  доданд,  мақсад  аз  ин  чорабинӣ бештар  воқиф  намудани намояндагони  сохторҳои  ҳукуматӣ,  соҳибкорон ва  созмонҳои  байналмилалӣ  аз бахши  машварат мебошад. 
Иштирокдорони  конфронс  метавонанд  бо  фаъолияти  ширкатҳои  машваратдиҳанда, ки  қобилияти  расонидани  ёрӣ ба рушди тиҷоратро  доранд, шинос  шаванд.
Қобили  зикр  аст, ки  Бонки  таҷдиду рушди  Аврупо  зимни  ҳамкориаш  бо  машваратчиёни  маҳаллӣ ва  мушовирони  соҳавии  ҷаҳонӣ  беш  аз  450  лоиҳаро  дастгирӣ  намуда,  бо ҷалби  5  миллиону  500  ҳазор  доллари  ИМА  140 чорабиниро рӯи  кор  овардааст.
 
 

Ноябрь 14, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад