Конфронси ёздаҳуми ҲХДТ дар Суғд
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси ХI ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар бораи «Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар давраи аз моҳи июни соли 2012 то ноябри соли 2014» маърӯза кард.
Гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти эътирофи меъёрҳои демократӣ, ҳадафу мақсадҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳизбҳои сиёсӣ» ва қонунҳои дигари марбута ба роҳ монда, иҷрои қарорҳо ва супоришҳои роҳбарияти ҳизбро самти асосии кори худ қарор дода, дар натиҷа ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи вазифаҳои навбатии ҳизбиён дар пешбурди ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин сухан кард.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






