Консерти эҷодии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2014 08:44

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ Ховар, Сабоҳат Қадамзода).- Рӯзҳои 21-ум ва 22-юми ноябри соли равон  дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Пленуми навбатии Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон консерти эҷодӣ баргузор мегардад.
Консерт аз ду қисмат: консерти симфонӣ ва консерти камеравӣ иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки консерти мазкур ба ҷашнҳои композиторони маъруфи Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, Юрий Тер-Осипов, Шарофиддин Сайфиддинов, Юнус  Мамедов, Ҷурабой Охунов ва Талаб Сатторов бахшида шуда, дар доираи Пленуми навбатии Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин бора ба мо аз Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  иттилоъ доданд.
 
 
 

Ноябрь 20, 2014 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад