Конститутсия-кафили озодии сухан
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати фазои озоди мафкуравӣ ва гуногунандешӣ роҳҳои қонунии татбиқи ин меъёрро тавассути қонунҳои соҳавӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа имрӯз дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 2700 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ ва 44 иттифоқи касаба ба расмият шинохта шудааст», — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни суханронии хеш дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Э. Раҳмон таъкид дошт, ки Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад.
Дигар унсури муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, кафолати фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма мебошад, ки ба инкишофи ҷомеаи фардҳои озод ва изҳори озоди ирода мусоидат мекунад. Бо мақсади татбиқи амалии ин меъёри конститутсионӣ ҳоло дар кишвар тамоми шароити зарурӣ ва заминаи ҳуқуқии муосир муҳайё мебошад ва ин имкон медиҳад, ки доираи фаъолияти воситаҳои ахбори омма боз ҳам васеъ гардида, барои пешрафти ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шаванд.
«Имрӯз аз 516 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар кишвар чоп мешаванд, 307 рӯзномаву маҷалла ғайридавлатӣ, аз 68 шабакаи радио ва телевизион 49 шабака хусусӣ ва аз 11 агентии иттилоотӣ 10 агентӣ ғайриҳукуматӣ мебошад. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони интернет қариб ба 4 миллион нафар мерасад. Соли 2000-ум аз 300 номгӯй рӯзномаву маҷалла 200 номгӯй ва ҳамагӣ 14 телевизиону 2 радио ғайридавлатӣ буд», — иттилоъ дод Сарвари Давлат. .
Бояд гуфт, ки ин рақамҳо нишонаи равшану возеҳи озодии сухан ва воситаҳои ахбори умум мебошад, ки Конститутсия кафолат додааст.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






