Конститутсия-шоҳсутун ва шиносномаи давлат
Душанбе, 08.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Конститутсия-шоҳсутун ва шиносномаи давлат»- чунин ном дорад китоби устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сафаралӣ Эркаев ва Анвар Эркаев. Китоби мазкур дар нашриёти «Нури маърифат» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дар ҳаҷми 88 саҳифа ба табъ расидааст.Тавре ки Маъмури Юсуфзод, сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ хабар дод, дар сарсухани дастури мазкур зикр гардидааст, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле босубот заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, сохтори идораи авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ, Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷомеа ба шумор меравад. Конститутсияи халқи тоҷик барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муайянкунанда дорад. Он ба таври қонунӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷомеа, шакли идора ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Ҳамчунин дар ин дастур бо се забон дар бораи таърихи пайдоиши конститутсияҳо дар ҷаҳон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан рафта, дар идомаи он мазмун ва моҳияти ин санади сарнавиштсози таърихӣ аз лиҳози сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






