Корхона барои коркарди 15 ҳазор тонна пахта
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Зимни сафари кории худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи коркарди пахтаи «Рамзи Аминҷон»-ро бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як мавсим ба истифода дод. Корхонаи мазкур ба маблағи 2 млн. 250 ҳазор сомонӣ барои 80 ҷои корӣ сохта шудааст. Ин корхона дорои техникаи муосири истеҳсоли чинӣ буда, барои хоҷагиҳои дар атрофи он ҷойгиршуда қулай мебошад. Мавриди зикр аст, ки баробари ба истифода додани корхонаи нав зимни сафари имрӯзаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон 1460 нафар бо ҷои кор таъмин мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






