Кори тавзеҳотии байни муҳоҷирон
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ).- Бинобар эътибор пайдо кардани талабҳои нави Қонуни федералии муҳоҷират кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар иншооти сохтмонии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди рақами 65 шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон вохӯрданд.
Дар иншооти мазкур беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор карда, ҳамаи онҳо барои будубоши қонунӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд.
«Кормандони намояндагӣ муҳоҷиронро бо навигариҳои қонуни Русия дар бораи муҳоҷират шинос карданд», — қайд намуд котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов.
Қайд шуд, ки сар аз соли нав дар мавриди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозавӣ барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои нав рӯи кор меоянд. Дар асоси ин қоидаҳо ҳангоми гирифтани иҷозат барои кор бояд шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия пешниҳод шавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маълум шуд, ки аз ҷумлаи 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар иншооти мазкур фаъолият доранд, 90 нафарашон бо шиносномаҳои «дохилӣ» — и миллӣ дар пойтахти Русия будубош ва фаъолият доранд. Ба онҳо тавсия шуд, ки дар сурати идома додани сукунаташон дар ин шаҳр бояд шиносномаҳои хориҷиро дошта бошанд, ки онро метавонанд аз консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба даст оранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






