Кулоб: кабудизоркунии хиёбонҳо ҷараён дорад
Кӯлоб, 22.11.2014 (АМИТ “Ховар», Сулаймони Хол).- Наздик шудани фасли сармо кори идораҳои коммуналиро дучанд менамояд ва кормандони корхонаи давлатии фаръӣ ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кулоб барои сарсабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва омода кардани дарахтони ороишию сояафкан ба фасли сармо кӯшиш карда истодаанд. Дар муассисаи мазкур айни ҳол 140 нафар фаъолият доранд, ки ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ба нарм кардани замин ва тоза намудани гулу буттаҳо машғуланд. Барои осон гардидани кори онҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҷҳизоти нави соҳавӣ харидорӣ карда шудааст ва коргарон бо истифода аз таҷҳизот дарахтони ороиширо зеботар месозанд. Давоми солҳои охир дар муассиса шаш адад гармхонаҳо сохта шудаанд ва дар онҳо гулҳои гуногуни муаттару ороишӣ шинонида шуда дар оғози фасли баҳор кучат карда мешаванд. Имсол роҳбарияти корхона тухмии беҳтарин гулҳои оришии ба шароити иқлими минтақа мутобиқро харидорӣ кардааст ва дар ин гармхонаҳо шинонида шудаанд.. Аз сабаби сард будани зимистон дар минтақаи мазкур роҳбарияти корхона барои ба таври ҳамешагӣ парвариши гулҳо як гармхонаи дигар сохтаанд, ки 2 метр аз сатҳи замин пасттар аст ва барои гарм нигоҳ доштани он сӯзишвории кам харҷ мешавад.Ҷомӣ ва марҳилаи классикии рушди забон ва адабиётДушанбе, 22.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Рӯзи 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори калони маҷлисгоҳи бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ таҳти унвони “Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва марҳилаи классикии рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” баргузор мегардад.Конфронси мазкур ба 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шуда, бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






