Курсҳои омӯзишии ФИФА
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Душанбе курсҳои серӯзаи байналмилалии ФИФА аз рӯи футболи оммавӣ ва кӯдакону ҷавонон анҷом ёфтанд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар курсҳои омӯзишӣ беш аз 20 нафар машваратчиёни бахши футбол, методистон ва мураббиҳои футболи кӯдаконаи ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат доштанд. Машваратчии ФИФА оид ба футболи оммавӣ ва кӯдакону ҷавонон Александр Чернухо аз кишвари Беларус роҳбари курсҳои омӯзишӣ буд.
Яке аз вазифаҳои асосии Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз рушду тақвият бахшидани футбол байни кӯдакон аст. Иштирокдорони чунин курсҳои омӯзишӣ дар бахши футболи байни кӯдакон малакаҳои нав пайдо менамоянд.
Барномаи курси омӯзишӣ иборат аз назария¸ машғулияти таълимӣ ва ташкили ҷашнвораи футболи байни кӯдакон буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






