Куштори ду нафар донишҷӯ дар Кӯлоб
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Шаҳрванд Амирхон Ҳотамов, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Темурмалик, донишҷӯ, муваққатан посбони яке аз ширкатҳои шаҳри Кӯлоб бо ҳамроҳии рафиқонаш: Ҳакимҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1991, донишҷӯ, Наврӯзшоҳ Саидаҳмад, соли таваллудаш 1995, донишҷӯ, Ҷаҳонгири Искандар, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб, Эмомназар Сафаров, соли таваллудаш 1996, донишҷӯ, сокини ноҳияи Шӯрообод ва Сафаралӣ Файзиддин, соли таваллудаш 1992, донишҷӯ, сокини ноҳияи Ховалинг барои хӯрдани хӯроки шом дар ҷойи кораш ҷамъ мешаванд.
Зимни муноқишаи бамиёномада А. Ҳотамов бо корди хоҷагии дар дасташ буда як маротиба ба гулӯи Наврӯзшоҳ С. ва як маротиба ба қисмати шиками Ҳакимҷони М. задааст, ки дар натиҷа Наврӯзшоҳ С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳакимҷони М. ҳангоми ҷарроҳӣ дар беморхона ҳалок гардидааст. Гумонбаршуда А. Ҳотамов аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, ҳодисаи мазкур таҳти тафтишот қарор дорад.
Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






