М. Убайдуллоев бо Ифтихорномаи АБ ИИАО сарфароз гардид

Ноябрь 28, 2014 12:12

 
    Душанбе, 28.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар  кори ҷаласаи Бюрои  Ассамблеяи Байнипарламентии /АБ/ Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов  аз шаҳри соҳили Нева иттилоъ дод.
Ҷаласаи мазкур дар таърихи 14-солаи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маротибаи охирин  буда, ин созмон дар раванди ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Иттиҳод нақши созгореро анҷом додааст. Дар давраи фаъолияташ зиёда аз 200 қонуни намунавӣ ва як зумра тавсияҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудааст, ки бисёре аз онҳо аз ҷониби парламентҳои кишварҳои аъзо дар қонунгузории миллӣ истифода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисони Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маҳсуб ёфта, дар рушду такомули ин институти байнипарламентӣ саҳми арзанда гузоштааст. Солҳои 2007-2009 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисии ин созмонро ба уҳда дошт.
Раиси Маҷлиси миллӣ зимни суханронии хеш дар ҷаласаи Бюро аз фаъолияти густурдаи парламентҳо дар мутобиқсозии қонунгузорииҳои миллӣ ва ба ин васила тақвият бахшидан ба рушди парламентаризми муосир ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзо махсус таъкид намуда, нисбат ба фаъолияти анҷомдодаи парламентарҳо дар доираи ин созмон арзи сипос кард.
Дар ҷаласаи Бюро дар асоси Қарори марбутаи Шӯрои Байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруоОсиё дар бораи қатъ намудани фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қарори дахлдор қабул гардида, роҷеъ ба ҳолати ба тасвиб расонидани Шартнома оид ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хабарҳо шунида шуданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ бобати иқтидори баланди кадрии Котиботи Ассамблея таъкид намуда, таклиф ба миён гузошт, ки дар қарори мазкур банди махсус оид ба истифодаи кормандони котиботи созмон дар сохторҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил илова шавад. Ин таклифро аъзои Бюро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Бюро барои фаъолияти пурсамар дар кори Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи созмони мазкур сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон 27  ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи ҳафтуми пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъи /СААД/ ширкат варзид. Дар ҷаласа оид ба иҷрои «Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии СААД баҳри наздиккунонӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2011-2015» ва омодасозии пешниҳодот ҷиҳати тарҳрезии «Барномаи фаъолияти ин созмон барои 2016-2020» матраҳ гардиданд. Дар ҷаласа бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов бо Ифтихорномаи фахрии СААД сарфароз гардонида шуд.    
 
 

Ноябрь 28, 2014 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад