М.Яҳёева: «Меҳрамро асарҳоям қисса кунанд»
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Дар ҳошияи Рӯзҳои Санкт — Петербург дар Душанбе расмҳои рассоми Санкт — Петербург Матлуба Яҳёеваи тоҷик ба маърази намоиш гузошта шуданд.
Дар ин маросим раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва губернатори Санкт — Петербург Георгий Полтавченко ширкат доштанд.
«Дӯстии байни кишварҳоямон таърихи тӯлонӣ дошта ва қувваи мо дар ягонагист. Аз он ифтихор дорам, ки рассоми тоҷик дар Русия эҷод мекунад. Дастовардҳои Матлуба Яҳёева самараи ягонагии ҳар ду кишвар аст»,- зикр намуд раиси шаҳри Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки Матлуба Яҳёева иштироккунандаи қариб 100 намоишгоҳи бадеӣ мебошад. Асарҳои ӯ намоишгоҳҳои Русия, Булғористон, ИМА, Финляндия ва Фаронсаро зеб медиҳанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






