М.Земан: Тоҷикистон шарики муҳими Чехия дар ОМ

Ноябрь 27, 2014 14:56

Душанбе, 27.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити гуногунсоҳаи Душанбею Прага 27 ноябр дар ҷараёни мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар Душанбе баррасӣ гардид. Шукурҷон Зуҳуров сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехияро ба Тоҷикистон тақвиятбахши ҳамкориҳои судманди Душанбе ва Прага дар ҳамаи арсаҳо арзёбӣ карда, таъкид кард, ки сафари расмии Милош Земан ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвари дӯст такони тоза мебахшад. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст. Ин равобит дар рӯҳияи боварии байниҳамдигарӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба сурат мегирад, ки барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш аст. Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, саноат, фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ш. Зуҳуров гуфт, ки қонунгузории Тоҷикистон барои рушди сармоягузорӣ шароити мусоид ва фазои муносибро фароҳам овардааст. Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки мавқеи кишварҳои мо дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби муштарак аст. Бо дахли ҳамкориҳои парлумонӣ байни Тоҷикистону Чехия Шукурҷон Зуҳуров хостори таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҳарду кишвар гардид. Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан натоиҷи сафари расмии худ ба Тоҷикистонро самарабахш арзёбӣ намуда, таъмини чунин фазои ҳамкорӣ байни ду кишварро самараи заҳматҳои мардумони Тоҷикистону Чехия маънидод кард. Милош Земан зимни қобили қабул донистани пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки сафарҳои роҳбарон ва намояндагони парлумонҳои Тоҷикистон ва Чехия ба кишварҳои якдигар бояд ҳарчи бештар ба роҳ монда шаванд, то ки аъзои парлумонҳои мо аз ҷараёни кор, тартиби таҳия, баррасӣ ва қабули қонуну санадҳои мухталиф тавассути ҳамкасбони худ аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Мавсуф таъмини сулҳу субот дар кишвари моро дастоварди ниҳоят нодир дар таърихи башарият дониста, таъкид кард, ки ба даст омадани истиқлолияти комил барои миллати тоҷик шарафи бузург аст. Президенти Ҷумҳурии Чехия изҳор дошт, ки кишвараш ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик таваҷҷуҳи махсус дорад ва ҳамеша омода аст, ки дар ҳамаи шароит дар паҳлӯи бародарони тоҷики хеш қарор дошта, барои рушд ва густариши тамоми соҳаҳои ин кишвари дӯст мусоидат намояд. Милош Земан аз дастгириҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвараш дар созмонҳои байналмилалӣ ибрози қадрдонӣ карда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Чехия дар ҳалли тамоми мушкилоти байналмилалӣ мавқеи ягона дошта, ҳамеша аз сиёсатҳои хориҷии якдигар пуштибонӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики муҳими худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.

Ноябрь 27, 2014 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад