Маҳалҳои аҳолинишин табдили ном карданд
Душанбе, 21.11.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва илтимосномаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳои Суғду Хатлон номи як қатор маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Шӯрообод, Қубодиён ва Бохтар табдили ном карданд.
Аз ҷумла, дар деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент номи деҳаи Хирсхона ба Ганҷи ниҳон, деҳаи Қӯштеппа ба Наврӯзтеппа, Қиёқлӣ ба Ҳафтрӯд, дар ноҳияи Ашт номи деҳаи Бобокир ба Бобохайр иваз карда шуд.
Дар ноҳияи Шурообод номи деҳаи Навбулоқ ба Раҳмонобод, дар ноҳияи Қубодиён деҳаи Шох-2 ба Намуна, деҳаи Дмитров ба номи Хайрулло Файзуллоев, дар ноҳияи Бохтар номи деҳаи Фрунзе ба Обшорон, деҳаи Посёлкаи нав ба деҳаи Файзобод, деҳаи Бирлик ба деҳаи Чорбоғ, деҳаи Будённий ба Сароб тағйир дода шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






