Маҳфили Давлат Сафар бахшида ба ҷашни Сарқонун
Душанбе, 4.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии адиби шинохтаи тоҷик Давлат Сафар баргузор гардид. Дар маҳфил адибону донишмандон, дӯстдорони каломи бадеъ ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат варзида, доир ба ашъори шоири ширинкалом Давлат Сафар сухан гуфтанд.
Маҳфили мазкур ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Гуфта шуд, ки шеъри Давлат Сафар бо равонию тозагии маънӣ аз дигар адибон бартарӣ дорад ва ҳаёти имрӯзаро инъикос мекунад.
Бояд гуфт, ки «Девони ашъор»-и Давлат Сафар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо хати форсӣ рӯи чоп омадааст.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Пайғоми ашк» (1998), «Шеъри гаҳвора»(с. 2010), «Шаҳбол» (с.2010) буда, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагон, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, ҳамчунин дорандаи медали «Хизмати шоиста», нишонҳои Аълочии телевизион, матбуот ва фарҳанг мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






