Маҳфили навбатии ҳофизхонӣ дар КМТ
Душанбе, 15.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бо иштироки хонандагони Гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маҳфили навбатии ҳофизхонӣ баргузор гардид. Дар маҳфил ғазали “Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо, Чист ёрони тариқат баъд аз ин таъбири мо” мавриди таҳлил қарор гирифт.Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, аз ҷониби хонандагон ин ғазали Ҳофиз қироат шуд ва адабиётшиносону иштирокдорони маҳфил андешаҳояшонро пиромуни ин ғазал иброз намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҳфили ҳофизхонӣ аз ҷониби Раёсати китобхона ташкил шуда, моҳе ду маротиба баргузор мегардад, ки диққати ҷавононро ба худ ҷалб карда, рӯз то рӯз ҳаводорони маҳфил зиёд гашта истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






