Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон
Душанбе, 28.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов, ки то ин вақт муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шуд. Иброҳим Қурбонов роҳбари Маркази идораи лоиҳаи Обёрии заминҳои водии Данғара таъин гардид. Абдуваҳоб Рафиев директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Нурофар ва Раҳимҷон Саидов муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия таъин карда шуданд.Сипас ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдор, сабабҳо ва ҳолати истифодабарии заминҳои обие, ки бо об таъмин намебошанд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур шунида шуд. Тибқи ҳисобот тавассути амалӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа 1151 га заминҳои нав шодоб, 1815 га заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ баргардонда ва ҳолати меллиоративии қариб 50 ҳазор га заминҳои корами обӣ беҳтар карда шудааст. Солҳои наздик тибқи нақшаҳои амалкунанда зиёда аз 4 ҳазор га заминҳои нави дигар шодоб карда мешаванд.Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи фарсудаю корношоям гардидани пойгоҳҳои кӯҳнаи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2014 зиёда аз 26700 га замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арзиши гарони таҷҳизоти пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва меллиоративӣ ва ҳам соҳилмустаҳкамкунӣ таъкид дошт, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, ҳоло дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон 33 600 нафар аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, беш аз 14 ҳазор га замини корами обӣ дар ин ноҳия аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст.Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани ин заминҳо, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ ва ҳам шумораи ҷойҳои корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода бурда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо муаллимону табибон ва дигар мутахассисон пурра таъмин карда шаванд. Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2015-2019, Барномаи рушди қолинбофӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.Лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, гумрук, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятӣ ва ҳам ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноадолатиҳо, ки дар тақсимоти нерӯи барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки низоми муайяншудаи тақсимот пурра ва бесаҳлангорӣ риоя карда шавад.Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2014, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дода шуд.








Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»






