Маҷлиси ботантана дар арафаи Рӯзи Конститутсия
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 3 ноябр дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ифтихори 20 – умин солгари Конститутсияи Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. «Расо 20 — сол муқаддам бо раъйдиҳии умумихалқӣ ҳуҷҷати олии ҳуқуқии кишварамон — Конститутсияи Тоҷикистони мустақил қабул шуда буд», — гуфт дар ҷараёни чорабинӣ раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид. Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид ба ҳозирин аз аҳамияти тақдирсозу таърихии Конститусияи кишвар муфассал нақл кард.«Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон қонуни асосиро ҳуҷҷати муқаддас мешуморад, зеро ин санади барномавӣ дурнамои рушди Тоҷикистони мустақиламонро пешбинӣ мекунад. Аз ин хотир эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия гарави таъмини қонунияту суботи давлату ҷомеа маҳсуб меёбад», — афзуд Шариф Саид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






