Маҷмӯи мақолаҳои ҳамоиш ба нашр расид
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Маводи ҳамоиши байналмиллалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми беш аз 500 саҳифа аз тариқи нашриёти «Нури маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба табъ расид.Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ДДХ иттилоъ доданд, дар китоб мақолоти донишмандони ватаниву хориҷӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои муҳим ва мухталифи замон, рӯзгор ва осори шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати 600-солагии ӯ фароҳам оварда шудаанд. Аз ин маҷмӯа метавон мақолаҳо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва мероси гаронбаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, аз ҷумла: «Як манбаи пурарзиши «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдурҳмони Ҷомӣ», «Симои Абдураҳмои Ҷомӣ дар «Латоиф ут — тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ», «Ҷомӣ ва фалсафаи шеър», «Абдураҳмони Ҷомӣ ба «Сафинатул-авлиёт»-и Дорошукӯҳ», «Манобеи илҳоми Абдураҳмони Ҷомӣ дар таълифи достони «Юсуф ва Зулайхо» ва ғайраҳоро пайдо кард.Маҷмӯаи мазкур барои алоқамандони соҳаи адабиёт, фарҳанг, олимон, унвонҷӯён, аспирантон ва донишҷӯён ҳамчун василаи раҳнамо ба кор меояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






