Маданият ва муоширати оиладорӣ
Душанбе,18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамрохон Атаева, мудири шубаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати шаҳри Хуҷанд Муҳайё Дадобоева, устодон ва донишҷӯён маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» доир гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар маҳфил дотсенти кафедраи психологияи умумӣ Азиза Мансурова дар мавзӯи «Маданияти муносибат дар давраи бунёди оилаи нав» маърӯза намуда, аз ҷумла афзуд, ки оила сарвати бебаҳои ҷамъият буда, маҳз дар оила инкишофи шахсияти инсон оғоз мегардад ва дар ҳама давру замон он чун муҳити асосию муҳими ташаккули сифатҳои ҳамидаи инсон боқӣ мемонад. Таъмини ҳамзистии осоиштаи фаъолияти самаранок ва нигоҳ доштани муҳити солими психологӣ дар оила ва ҷомеа аз нигоҳ доштани одоби муошират вобастагӣ дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






