Манзили истиқоматӣ барои кормандони милитсия
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар хиёбони Соҳилии шаҳри Душанбе бинои нави нӯҳошёнаи дорои 50 ҳуҷра барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ба истифода дода шуд, ки дар маросими ботантанаи ба истифода додани он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, онро дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ номид. Тибқи иттилои сардори Раёсати сохтмони асосии ВКД Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким сохтмони бино ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби раёсати мазкур оғоз гардид. Барои бунёди бино 12 миллиону 80 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Масоҳати умумии манзили истиқоматии бинои мазкур 3550 метри мураббаъро ташкил медиҳад.Бино ҳамчунин барои 50 оила пешбинӣ шуда, он аз 6 хонаи сеҳуҷрагӣ, 30 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 14 хонаи якҳуҷрагӣ иборат аст. Бояд гуфт, ки хонаҳои мазкур асосан барои оилаҳои кормандони фавтида, маҷрӯҳон ва собиқадорони соҳаи милитсияи кишвар пешбинӣ шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






