Маросими ботантанаи ҷашни зодрӯзи З.Шаҳидӣ
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пагоҳ ,27 ноябр соати 16:00 дар толори Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ботантанаи 100-солагии композитори барҷастаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ таҷлил мегардад.Гуфта мешавад, ки Зиёдулло Шаҳидиро ба таври ҳаққонӣ яке аз асосгузорони санъати мусиқии касбии тоҷик метавон ном бурд. Вай дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ асарҳои касбӣ, аз қабили суруд, романс, минётураи инструменталӣ, асарҳои оркестрӣ ва хор, мусиқии театр ва синамо, симфония ва операро эҷод намуда, сарвари санъати иҷрокунандагӣ ва мураббии бисёр санъаткорони имрӯза шуда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он соҳиби обрӯю эътибор ва шӯҳрат гашт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






