Маросими мӯҳташами «AFC Annual Awards»
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 30 ноябр дар пойтахти Филиппин шаҳри Манила маросими мӯҳташами Конфедератсияи футболи Осиё «AFC Annual Awards 2014» баргузор гардида, дар он натиҷаи соли гузашта ҷамъбаст ва ҷоизони мавсими соли 2014 дар футболи Осиё номбар карда мешаванд.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ноиби аввали президент Хуршед Мирзоев ва сардори шуъбаи байналмилалии федератсия Давлатманд Исломов намояндагӣ мекунанд.
Дар маросими мӯҳташам ғолибон дар бахшҳои «бозингари беҳтарин», «бозингари беҳтарини ҷавон», «бозингари беҳтари футзал», «футболбоззани беҳтарин», «довари беҳтарин», «мураббии беҳтарин», «дастаи мунтахаби беҳтарин» ва ғайра эълон карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки се футболбоз — ҳамлагари дастаи «Ал — ҳилол» Носир ал — Шомронӣ, муҳофизатгари дастаи «Ал — айна» Аҳмад Исмоил ва ниммуҳофизатгари дастаи «Ал — садда» Иброҳим Ҳалфон, ки дар Осиё ӯро «Марадонаи Осиё» меноманд, барои дарёфти унвони бозингари беҳтарин иддао доранд.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






