Маросими савгандёдкунӣ дар қисми ҳарбии 3502
Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз дар қисми ҳарбии 3502 Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2014 баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар ин маросим фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майор Н.С. Қурбонзода, собиқадорон, меҳмонон ва волидайни наваскарон иштирок намуданд.
Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майор Н. Қурбонзода аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи наваскаронро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуда зикр дошт, ки наваскарон ҳамчун хизматчиёни ҳарбӣ ба савганди ҳарбӣ вафодор буда, аз уҳдаи иҷрои хизмати худ сарбаландона мебароянд.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи ҷавонон вогузор шудааст. Онҳо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст дошта, қадр намоянд ва ҳифз кунанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
Сипас, бо гузашти идона ва намоиш додани машқҳои низомӣ наваскарон хотири ҳозиринро болида гардониданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






