Машварати корӣ
Душанбе, 11.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини аввал ва муовини сарвазир Давлаталӣ Саид ва Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика машварати корӣ гузаронид.Дар машварат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва инчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика баррасӣ гаштанд.Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат доир ба рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо қувваи барқ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, дар фасли зимистон ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи энергетика гузориш доданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ, истифодаи дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҳамчунин таъкид намуданд, ки тамоми имконият ва чораву тадбирҳоро баҳри таъмини саривақтии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо қувваи барқ, андешида шаванд.Масъалаҳои истифодаи технолигияҳои каммасрафи барқӣ, роҳҳои паст кардани талафоти технолигии нерӯи барқ ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






