Мавъизаи зарари истеъмоли маводи марговар дар намозҳои ҷумъа
Душанбе, 11.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд бо мақсади муаррифӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020» бо табақаҳои мухталифи аҳолӣ доир ба паёмадҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ ва иҷтимоии зуҳуроти нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, ҳамчунин бобати пешгирии ҳолатҳои пайвастани ҷавонону наврасон ба созмону ҳаракатҳои ифротиву тундгаро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар охири ҳафтаи гузашта вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, шаҳрҳои Истиқлол, Чкалов ва Истаравшан бо ҷалби фаъолони ноҳия чорабинии васеъ баргузор гардида, дар баробари шарҳу тавзеҳи стратегия вазъи нашъамандӣ дар ин минтақаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Чунин чорабинӣ дар шаҳри Исфара низ баргузор гардида, дар радифи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҳассилини коллеҷи тиббии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, имомхатибони масҷидҳои шаҳр ширкат намуданд. Имомхатибон оид ба ҳаром будани манфиате, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳосил мешавад ва кайфияту ҳаловат аз истеъмоли маводи мухаддир ҳарф зада, таъкид доштанд, ки масъалаи пешгирии ҷавонон аз даст задан ба хариду фурӯши маводи нашъаовар ва истеъмоли чунин маводи марговар ҳамеша дар маркази диққат буда, зимни баргузории намозҳои ҷумъа оид ба масъалаи мазкур мавъизаҳо хонда мешаванд.Силсилавохӯрии намояндагони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом низ доир гардид. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳузури роҳбарияти ноҳия, ҷомеаҳои меҳнатӣ, донишҷуёни коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгории шаҳр, муаллимон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ суҳбати озод баргузор гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






