Механизми пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ кай ба роҳ монда мешавад?
Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Чӣ бояд кард, ки механизми пешниҳод намудани қарзҳои ипотекӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад? Ин масъаларо имрӯз зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» дар иҷлосияи нуздаҳуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов пурсон шуд.
Раиси Маҷлиси миллӣ бо дахли дастрасии оилаҳо ва мутахассисони ҷавони бахши иҷтимоии кишвар ба манзил гуфт, ки фоизи қарзҳое, ки бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ба муштариён ҳангоми гирифтани қарз пешниҳод менамоянд, ба осмон дакка мехӯрад. Мардум аз гирифтани чунин қарзҳо бо фоизҳои баланд ҳарос доранд ва ҷуръат намекунанд, ки бо фоизҳои баланд аз бонкҳо қарз гиранд.
Дар ин росто раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов афзуд, ки фоизҳои пешниҳод менамудаи бонкҳои кишвар назар ба соли гузашта боло рафта, алҳол 24,72 % -ро ташкил медиҳанд. Инчунин раиси Бонки миллӣ афзуд, дар мавриди додани қарзҳои ипотекӣ бояд вазъи иҷтимоии шахси қарзгиранда омӯхта шавад.
Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид кард, ки то иҷлосияи ояндаи палатаи болоии Парлумони кишвар, яъне иҷлосияи 20-ум, ки дар назар аст нимаи дуюми моҳи декабр баргузор гардад, доир ба ин масъала гурӯҳои корӣ ташкил дода, механизми ба роҳ мондани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба муштариён баррасӣ гарданд.
Матраҳ гардидани механизми пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба аҳолӣ ва фоизи баланди қарзҳои бонкҳои кишвар дар иҷлосияи палатаи болоии Парлумони мамлакат аз сӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ дар ҳолест, ки 19 ноябр Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ низ зимни баррасии лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз баланд будани фоизҳои бонкҳои кишвар изҳори нигаронӣ намуда, раиси Бонки миллии Тоҷикистонро гуфт, ки доир ба ин масъала тадбирҳои саривақтӣ андешанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






