Мексика омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 19 ноябр раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Мексика дар Тоҷикистон Улиси Канчули суҳбат намуд.
Назар ба хабари ПСС ҶТ, ҷонибҳо роҳҳои рушди ҳамкории мутақобилан муфид дар бахши тиҷорату иқтисодиётро баррасӣ намуданд. Ҷониби Мексика изҳор дошт, ки омодаи ба Тоҷикистон фиристодани техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навгонӣ мебошад.
«Ҳамкории сохторҳои тиҷоратии Мексика ва Тоҷикистон бо василаи дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи амволи саноатӣ, технологияҳо ва ҳамоишҳои тоҷирону соҳибкорони ҳар ду кишвар ба рушди муомилоти моли дуҷониба мусоидат мекунад», — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ.
Сафир дар навбати худ иброз дошт, ки мақсад аз стратегияи иқтисодии Мексика таъмини дастрасии васеи амволи Мексика ба бозорҳои муҳимтарини Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла ба бо-зори Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Улиси Канчули, чунин сиёсати иқтисодӣ Мексикаро ба маркази ҷаҳонии тиҷорат ва кишвари до-рои иқтисодиёти қавӣ табдил додааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






