Милош Земан вориди Тоҷикистон шуд
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Шоми 25 ноябр Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Интизор меравад, ки имрӯз дар Қасри миллат маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Чехия доир шуда, мулоқоти хосаи ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад. Инчунин, масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар муҳокима ва баррасӣ шуда, имзои чандин созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Нимаи дуюми ҳамин рӯз Президенти Чехия бо Президенти Тоҷикистон дар маросими расмии ифтитоҳи Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузории Тоҷикистону Чехия иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






