Муқовимат ба таҳдидҳои наву хатарҳои имрӯзаи мухаддиротӣ
Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Мексика дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Улисес Канчол мулоқот намуд.
Директори агентӣ ба Улисес Канчол дар бораи сатҳи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи салоҳиятдор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва сиёсати зиддимухаддиротии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Мақсади асосии вохӯрӣ аз муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор миёни Тоҷикистон ва Мексика арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки механизми ҳамкориҳои мавҷудбудаи ду кишвар имконият медиҳад ба таҳдидҳои нав ва хатарҳои имрӯзаи мухаддиротӣ устоворона ва қотеона муқовимат нишон диҳанд.
Худи ҳамон рӯз дар доираи баргузории вохӯрии Гурӯҳи Мини-Дублин Р. Назарзода бо афсари алоқа оид ба мубориза бо маводи нашъадори сафорати Итолиё дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Федерико Куатрини ва ҳамоҳангсози минтақавии Агентии миллии мубориза бо ҷинояткории Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (NCA) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Фредерик Хеллон вохӯрӣ гузаронид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои баланд бардоштани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти маводи нашъадор мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки ҳукумати ду давлат ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар минтақа диққати асосӣ медиҳад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






