Муҳоҷирон бо навигариҳои қонун шинос мешаванд
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР дар шаҳри Хабаровск бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар ширкати сохтмонии Авруосиё кор мекунанд, вохӯрд.
Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи сохтмончиён Наврӯзшоҳ Хушаков, алҳол дар ин ширкат беш аз 150 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кор мекунанд. Ҳамаи онҳо аз навигариҳои қонуни муҳоҷират хабар доранд.
Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки сафорати ҶТ дар ФР ва хадамоти консулгарӣ бо назардошти эҳтиёҷоти мавҷуда барои дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ҳамаи чораҳои имконпазир дида мешаванд.
Дар бозори «Кировский» — и шаҳри Самара, ки дар он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба тиҷорат машғуланд, низ ҳамин хел вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин бора котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






