Муҳокимаи аҳамияти таърихии Конститутсия
Душанбе, 4.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, чорабиниҳои зиёди оммавию сиёсӣ ҷараён доранд.Ба ин муносибат дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВК ҶТ) бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он доир гардид.Дар ҷамъомад муовини якуми вазири кишоварзӣ Давлаталӣ Ҳотамов сухан гуфта, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Алиев «Оид ба аҳамияти таърихии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард.Ҳамзамон сардори раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқии вазорат Юсуф Қурбонов ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалии вазорат Нарзулло Дадобоев оид ба ҷанбаҳои тақдирсози Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






