Муҳокимаи масоили ҳакамияти тиҷоратӣ
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва ҳуқуқшиноси шоиста, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, узви раёсат ва довари Ҳакамияти байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Нина Вилкова 13 сентябр дар шаҳри Душанбе масоили татбиқи усулҳои Ҳакамияти тиҷоратии байналмилалӣ дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Мувофиқи хабари ПСС ҶТ, дар мулоқот зикр шуд, ки рушди равобити иқтисодӣ ҳалли мутамаддинии баҳсу мунозираро талаб мекунад. Ҳакамияти тиҷоратии байналмилалӣ маҳз барои расидан ба ҳамин мақсадҳо фаъолият дорад. Имрӯз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон манофеи беш аз 600 корхонаҳои калони дохилию хориҷӣ, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо ва созмону бонкҳоро ҳифз менамояд.
Тавре ки Шариф Саид қайд намуд, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҷараёни қабули тасмимҳои мусбат аз рӯи Муоҳадаи Ню — Йорк дар бораи эътироф ва иҷрои қарорҳои ҳакамиятҳои хориҷӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории зич дорад, ки ин қадами муҳиме дар роҳи ворид шудани ҷумҳурӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо буд.
Ба қарибӣ Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Ҳакамияти тиҷоратии байналмилалӣ» — ро қабул намуд, ки он барои баррасӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст.
Нина Вилкова дар навбати худ қабулу имзои Муоҳадаи Ню — Йорк аз ҷониби Тоҷикистонро ба таври мусбат арзёбӣ намуд. «Ин шароити судманди ҳифзи сармоягузорӣ ва татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар бораи ҳифзи сармояҳоро, ки байни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба имзо расидаанд, фароҳам меорад», — гуфт Нина Вилкова.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






