Муҳокимаи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 12 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва ҳайати Бунёди байналмилалии асъор бо роҳбарии Ҷонатан Данн баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот хулосаи вазъи имрӯзаи молиявии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёт то охири соли 2014, ҳамчунин хулосаи умумии дурнамои рушди вазъи иқтисодии кишварро шуниданд.
Масоили марбут ба нақшаи буҷети соли 2015 бо дарназардошти дурнамои иқтисодӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили сиёсати молияю андозбандӣ ва бонкӣ, аз ҷумла, ба масоили марбут ба ҳалли проблемаҳои беҳдошти фаъолияти «Агроинвестбонк», мониторинги корхонаҳои давлатӣ, нақшаҳои фискалии бахши молия ва корхонаҳои давлатӣ, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо созмонҳои дигари молиявию бонкии ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






