Муҳокимаи сиёсати кишвар дар амри муборизаи зидди маводи мухаддир
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ).- Чанде пеш директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода дар шаҳри Душанбе якчанд мулоқот анҷом дода, аз ҷумла сафири Мексика дар Тоҷикистон Улиси Канчулиро ба ҳузур пазируфт.
Директори агентӣ перомуни ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва сиёсати кишвар дар амри мубориза бо маводи нашъаовар нақл кард.
Мақсад аз мулоқот муҳокимаи масоили марбут ба дурнамои ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухад-дир байни Тоҷикистон ва Мексика буд.
Худи ҳамон рӯз Рустам Назарзода бо афсари бахши муборизаи зидди маводи мухаддири сафорати Итолиё дар Тоҷикистон Федерико Куатрини ва ҳамоҳангсозии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказии Агентии миллии муборизаи зидди ҷинояткории Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Фредерик Ҳеллон мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масоили афзун намудани самараи ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






