Муарифии китоби «Фарзанди сарзамини қазоқ»
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)-Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби «Фарзанди сарзамини қазоқ», ки ба қалами Абдуғаффори Абдуҷаббор, нависандаи тоҷик тааллуқ дорад, баргузор шуд.
Асар ба рӯзгор ва тақдири эҷодии басо ибратомӯзи яке аз чеҳраҳои намоёну нодири фарҳангу санъати муосири Казоқистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, барандаи мукофоти давлатии СССР, ҷоизаҳои байналмилалӣ Асаналӣ Ашимов бахшида шудааст.
Дар маҳфили муаррифии ин китоб вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддинзода Орумбек, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агибай Смагулов, Асаналӣ Ашимов, актёри театру синамо, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шоиру нависандагони тоҷик иштирок доштанд.
Асаналӣ Ашимов 8-уми майи соли 1937 дар деҳаи Жаилмаи ноҳияи Сарисуси вилояти Ҷамбули Қазоқистон таваллуд шудааст. Ӯ сенарияҳои филмҳои «Тирпарронӣ дар ағбаи Караш» «Варианти Манҷурия» «Қозӣ Корпеш ва БаянСулу»-ро навиштааст .
Ёдрас мекунем, ки «Фарзанди сарзамини қазоқ» ба қалами Абдуғаффор Абдуҷабборов тааллуқ дорад. Абдуғаффор Абдуҷабборов- нависанда, тарҷумон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт мебошад.
Соли 1979 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт Петергурги ҳозира)-ро хатм кардааст. Муаллифи бештар аз 20 маҷмӯаву китоб, аз ҷумла очерк, ҳикоя, повест, драма, тарҷумаҳои бадеӣ мебошад. Резаҳикоёти «Лаҳзаҳо», «Падари Мирзо» ва қиссаи «Куҷоӣ ту, аё, мақсуди дастнорас?»-ро радиои Тҷикистон дар силсилаҳои «Насри муосир» ба самъи ҳаводорони адабиёт расонидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






