Муаррифии Рӯзи байналхалқии маъюбон дар Душанбе

Ноябрь 25, 2014 14:33

  Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода) — Нашри аввали намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюбиятдошта 25 ноябр дар Маркази фарҳангии Бохтар дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд.
Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи байналхалқии СММ оид ба шахсони маъюбиятдошта якҷоя бо Намоишгоҳи анъанавии зимистонаи ҳунармандӣ, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар Маркази исмоилияи Душанбе баргузор мегардад, таҷлил мешавад. Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маъюбиятдошта сафарбар мекунад. 
Ташаббуси мазкур аз ҷониби эътилофи ҳамфикр-21 ташкилоти миллӣ ва байналхалқӣ дастгирӣ мешавад, аз ҷумла Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Иттиҳодияи волидони кӯдакони маъюбиятдошта ва ташкилотҳои шахсони маъюбиятдошта, ки зери шиори “Барои рушди фарогир ва устувор муттаҳидем” муттаҳид шуданд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки ду самти муҳими сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёси Миёна алоқаманд шавад: аз як тараф рушди иқтисодӣ тавассути дастгирии корхонаҳои хурд, мушаххасан дар соҳаи ҳунармандӣ; аз тарафи дигар таҳкими субъектони ғайридавлатӣ барои ноилшавӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии бештар фарогир ва мустаҳкам. 
Намоишгоҳи ҳунармандӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар шарикӣ бо ташкилоти Чезви ва дар ҳамоҳангсозии муштарак бо Маркази фарҳангии Бохтар ташкил шудааст, зиёда аз 50 ҳунармандро ҷамъ оварда, комёбиҳои охирини ҳунармандии минтақавиро пешкаш менамояд. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ноябрь 25, 2014 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!