Муаррифии расмии Консули нави генералии ҶТ
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар ҷараёни сафари кориаш ба Екатеринбург Консули нави генералии Тоҷикистон Сафар Сафаровро ба губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев ва роҳбарони дигари сохтори давлатии шаҳри Екатеринбург муаррифӣ кард.
Дар ин бора аз сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Назар ба иттилои манбаъ, Евгений Куйвашев Сафар Сафаровро бо таъйиноташ дар ин мансаб муборакбод карда, саҳми намояндагии дипломатӣ дар амри кор бо муҳоҷирони меҳнатиро, ки ба таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, қайд намуд.
Назар ба хабари манбаъ, сафири ҶТ дар ФР Консули нави генералӣ дар Екатеринбургро муаррифӣ карда, иброз дошт, ки Сафар Сафаров хатмкардаи Академияи дипломатии шаҳри Маскав буда, бо роҳхати ВКХ Тоҷикистон муддати тӯлонӣ дар Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркия муваффақона кор кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






