Мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон

Ноябрь 26, 2014 09:46

Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» доир ба низоми санҷиши меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор кард. Бино ба иттилои бахши иттилоотии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар кори он намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масоили меҳнати арзанда ва Дафтари Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Барномаи байналмилалӣ оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон (ББМК) иштирок намуданд.Зикр гардид, ки барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст ва дар ин ҷода Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа пешсаф мебошад.Натиҷаи муҳим дар давраи татбиқи барнома ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2014 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» маҳсуб мешавад.Ин тадбир имконият фароҳам меорад, ки дар Тоҷикистон тадриҷан мушкилоти барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ҳалл гарданд.

Ноябрь 26, 2014 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд