Мулоқот бахшида ба ҷашни Парчам
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ Ховар, Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рўзи Парчам зери шиори «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам» мулоқоти масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров бо омўзгорон ва наврасону ҷавонон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара баргузор гардид.
Дар улоқот Ҷалолиддин Нуров оид ба таърихи Парчам ва муқаддасоти он ёдовар шуда, парчамро нишонаи давлат арзёбӣ намуд. Ў аз партавафшон шудани баландтарин Парчами Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ин иқдоми таърихиро баракати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки Парчами давлатиро ҳамчун муқаддасот ҳифз намуда, онро дар ҷойҳои даркорӣ тозаю пироста нигоҳ доранд.
Ҳамеша барои боло бардоштани он дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшиш намуда аз имкониятҳои доштаашон истифода баранд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






