Мулоқот бахшида ба Рӯзи Парчам
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол мулоқоти масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров бо наврасону ҷавонони мактаби №1 ба номи Саттор Каримӣ ва Коллеҷи омўзгории ноҳия дар мавзўи “Парчамат бодо паравшон Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар мулоқот аз таърихи парчам ёдовар шуда, ҷавононро ба ватандӯстию ободкорӣ даъват намуданд.
Маълум гардид, ки дар Коллеҷи омўзгории ноҳия 221 нафар ҷавон таҳсил менамояд, ки аз он 78 фоизашро духтарон аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ташкил менамояд.
Дар мулоқот ҷавонон дар васфи Ватан, Парчам ва Тоҷикистон порчаҳои назмӣ қироат намуданд. Ёдовар мешавем, иҷрои ки пеш аз муҳлати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонони ноҳияи Ҷиргатол шаҳодат медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






