Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Милош Земан
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан баррасӣ шуд. Ҷонибҳо дар мулоқот асосан доир ба масоили таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои саноату технологияҳои нав, энергетика, тиҷорат ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рушди муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чехияро таҳким бахшида, барои ба натиҷаҳои дилхоҳ расонидани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок шароити мусоид фароҳам меоварад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






